Магар аз 75 – сола боло ниёз ба нақлиёти бепул дорад?
Хабари бепул шудани роҳкиро барои нафақахӯронро шунида хурсанд шудам. Фикр кардам ба ҳар ҳол ин ҳам як кӯмак барои мо пиронсолон аст. Зеро бо нафақапулие, ки мегирам зиндагӣ кардан хеле душвор аст. Пас аз шунидани ин хабар бо худам нақша кашидам, ки рафта духтараму набераҳоямро дар маҳаллаи Зарафшон хабар мегираму каме бо онҳо вақт мегузаронам. Баъд ба хонаи писарам ба поёни бозори Корвон мераваму як ду рӯз онҷо мемонам.
Ба масҷид рафта намози бомдодро хондаму бо дигар ҳамсояҳо нишаста каме сӯҳбат кардем. Ман бо хушҳолӣ гуфтам ана роҳкиро барои мо бепул шуд. Кам кам сайру гаштба баромадан даркор. Набераву хешу таборро хабар гирифтан даркор.
Ин вақт Сафаралӣ, ки дар кадом идораи давлатӣ кор мекунад аз ман пурсид, бобо шумо чанд сола ҳастед?
Гӯфтам ман 71 сола ҳастам. Ӯ гӯфт: “пас 4 соли дигар барои бепул дар шаҳр сайр кардан интизорӣ кашед. Он вақт метавонед бемалол ва бепул дар шаҳр сайру гашт кунед”.
Фаҳмидам, ки нақлиёт танҳо барои нафақахӯрони аз 75 сола боло бепул будааст. Зиқ шудаму фикр кардам, ки ин чор сол зинда мемонда бошам, ки аз ин “лутфу марҳамати” шаҳрдори ҷавон истифода кунам.
Агар зинда ҳам монам дигар аз по мемонаму рафту омад карда наметавонам. Магар чӣ мешуд, ки ҳамин нақлиёт барои ҳамаи нафақахурон бепул мешуд? Охир бо ин нафақае, ки мегирем ин ҳам як кӯмаки хуб мебуд.
Баъди 75 – солагӣ ман ба нақлиёт чӣ эҳтиёҷ дорам? Дигар тавони рафту омад кардан ҳам намемонад.
Инаш ҳам як рекламаи шаҳрдори нав будааст ку!
Нафақахӯр аз шаҳри Душанбе
Кӯмаки низомии Русия ба Тоҷикистон
ЗАБОНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН ПОРСӢ АСТ!
Матолиби ҳамсон ҶомеаДар шинохти чоплусон
Чоплусон, яъне хушомадгӯён дар ҳама давру замон буданд, ҳастанд, мемонанд. Чоплусро дар забони мардумӣ бо калимаву ибораҳои зиёде шарҳ медиҳанд, масалн, косалес, пӯчоқхӯр, хушомадгӯй, буз, лаганбардор, ва ғайра калимаҳое, ки на ҳама боби интишору талаффузанд.
Ҷойи кори чоплус дар ҳама корхона буда метавонад, аммо ҳамвора кӯшиш мекунад, ки дар наздикиҳои роҳбар дум ликонад. Аз ҳама аҷибаш ин, ки ҳарчанд хислати чарбзабонӣ доранду дар назари аввал чунин менамоянд, ки аз ниҳояти дӯстдориву эҳтироми роҳбар нисбати мансабдорон таъриф мезананд, аммо дар асл душмани рақами яки роҳбарон ҳаминҳоянд. Чунки болои ҳама гуна иштибоҳи роҳбарро мепӯшанд ва ҳамаи камбудии атрофро ҳам ба роҳбар хуб нишон медиҳанд. Болои партобгоҳи ифлоси назди бинои валангор шиор мечаспонанд, ки навишта шудааст: Ватан гул-гул шукуфон аст, ободиву озодӣ….
Онҳоро фикри атрофиён нисбаташон ташвиш намедиҳад. Фақат ба даҳони роҳбар нигоҳ мекунанд, ҳамаи ҳаракоти шефашонро азёд медонанд ва аз як нигоҳ мефаҳманд, ки шеф, бос, хӯҷаин…. чӣ мехоҳад? Дар оинномаи чоплусон роҳбарашон ҳаргиз хато намекунад, то даме, ки дар сари мансаб аст. Аммо ҳамин ки аз масаб рафт, аввал хӯҷаини дигарро азёд мекунанд ва баъдан хӯҷаини пешинаашонро танқид.
Одитар карда гӯем, ойинаи каҷнамо ҳастанд.
Акнун саволе ба миён меояд, ки ин афрод чаро чунинанд?
Шумо, тамошобини барнома, чикораед? Сохтмончӣ, пардозгар, васлгар, кафшергар, дуредгар, сангчину хиштчин….
Барои он кор мекунед, ки пул ёбед, нон ёбед, рӯз гузаронед
Духтури хуб, муаллими хуб, устои ботаҷриба, мардикори одии хуб ҳам, ки пайи ризқаш заҳмат мекашад, ҳалол ёфта мехӯрад
Хушомадгӯй ҳам хонаву дар, зану фарзанд дорад, деги сиёҳ дорад, ки бояд ҷӯшад. Фақат ҳунари дасташ намерасад, забонашро истифода мебарад.
Истеъдоди суханварие, ки бархе чоплусон доранд, воқеан саҳнабоб аст. Онҳо метавонанд дурӯғтаринро рост ҷилва диҳанд. Ба қавле фақат хушомадгӯй метавонад аз хари ланг шери нар созад.
Аммо, вале, лекин…
Ҳамон мардикор, ё аробакаше, ки пояфзолаш дарида, ранги шимаш парида, либосаш аз кӯҳнабозор харида аст, аз ҷоплуси чарбзабон дида ба ҷамъият бештар фоида мерасонад. Ду-се калимаро пайваста дарди дилашро ҳам гуфта наметавонад, ранг-ранг тофта, росту дурӯғ бофта наметавонад, лекин бар ҷомеа зарараш ҳам намерасад.
Муҳим нонаш ҳалол аст.
Воқеан, хушомадгӯҳо мисли қавми бутпарастанд. Гоҳо бандаро то ҳадди худоӣ таъриф мекунанд, ки гӯё рӯзирасонашон ҳам, ғамбарорашон ҳам, наҷотбахшашон ҳам роҳбарашон бошад.
Он қадар дурӯғро ороста мекунанд, ки худашон ҳам бовар карда мемонанд ва мусибат ин ҷост, ки роҳбар ҳам бовар мекунад, камбудӣ вуҷуд надорад.
ҶомеаҲашт соат дар як рӯз, панҷ рӯз дар як ҳафта. Ин реҷаи кориро кӣ муқаррар кардааст?
Системаи кори панҷрӯзаи хафта ва ҳаштсоатаи рӯз, ки барои бисёр мамлакатхо маъмул аст, дар асри 20 марҳила бар марҳила тадриҷан ташаккул ёфтааст.
Дар бораи таърихи ин муқаррарот донистан хоҳед, идомаи матни мазкурро бодиққат назар кунед. Системаро роҳбари як ширкати бузурги истеҳсоли мошини амрикоӣ, ё худ магнати автомобил Ҳенри Форд ихтироъ кардааст, фақат худаш шояд дар гӯшаи хаёл ҳам наоварда буд, ки ин усули муддати кор ҷаҳонӣ мегардад.
Ҳенри Форд санаи 5-уми январи соли 1914 дар корхонааш рӯзи кориро аз 9 соат ба 8 соат кам карда, музди корро аз се доллар дар як смена ба панҷ доллар расонид.
Рақибони соҳа ва умуман корфармоён ба самаранокии ин тағирот шубҳа доштанд, аммо ин равиш бо мурури замон фоидаи худро дод. Бехтарин механикҳои таҷрибадор аз тамоми мамлакат ба корхонаи Ford Motor Company ба мақсади кор омаданд. Натиҷа чунин буд, ки Ҳенри Форд тавонист танҳо дар давоми ду сол фоидаи худро ду баробар зиёд кунад.
Гарчанде ки ин ғоя аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле самаранок буд, аммо шояд дарки иқтисодиро на ҳама роҳбарони давр доштанд, ки рӯзи кории ҳаштсоата дар саросари Амрико танҳо пас аз 23 сол — пас аз як қатор корпартоиҳо дар соли 1937 бо қабули Санади меъёрҳои одилонаи меҳнат ҷорӣ карда шуд.
Аммо Ҳенри Форд аввалин шахсе дар таърих нест, ки дар вақти корӣ навоварӣ ворид кардааст. Дар соли 1593 шоҳ Филипп II дар фармони худ Орденанзас де Фелипе II бори аввал рӯзи кори ҳаштсоатаро ҷорӣ намуда, тақсимоти сарбории корро аз рӯи вақт муқаррар намуд, яъне кори вақтбайъ. Масалан, ба коргарон иҷозат буд, ки 4 соат пагохии барвақт ва 4 соат бегоҳй кор кунанд, то ки дар гармои шадиди офтоб набароянд.
Қадами дуюм дар тартиби муқаррарӣ дар соли 1810 аз ҷониби саноатчӣ Роберт Оуэн гирифта шудааст. Дар аввал вай дар заводи худ дар Нью-Ланарк рузи кори 10-соата мукаррар кард, чун қаблан 14—16 соат буд. Баъд аз хафт сол онро то 8 соат кам кард. Оуэн хатто як шиори махсуси вақти кор эҷод кард: «Хашт соат кор, хашт соат хурсандй, хашт соат истирохат».
Бо вучуди дигаргунихои мусбат ва ёрии фаъолонаи коргарону иттиходияхо, хафтаи кори панчрӯза ба зудӣ ба ҳукми одат надаромадааст. Гузариши оммавӣ ба ин тартиб дар ибтидои асри 20 оғоз ёфт.
Соли 1912 кишвари Хиндустон дар минтақаи Осиё аввалин шуда доири системаи ҳашт соат дар як рӯз ва панҷ рӯз дар як ҳафта конун кабул кард. Дар соли 1917 дар СССР ғояи реҷаи кори 40-соатаи сусиёлистӣ қонунӣ шуд. Дар аксарияти мамлакатхои Аврупо сменаи мукаррарии кор дар соли 1919 баъди як катор корпартоии иттифокхои касаба, ки иктисодиётро фалач кард, мукаррар карда шуд.
Дар соли 1919 дар Япония дар натичаи корпартоии васеи коргарон Кавасаки аввалин шуда ба хафтаи кори 40 соата гузашт. Система пас аз 28 соли қабули Қонун дар бораи стандартҳои меҳнат эътибор пайдо мекунад. Яке аз охирин қабулкардагони системаи панҷрӯзаи ҳафта ва ҳаштсоатаи рӯз дар соли 1947 Австралия буд.
Вазъият дар ҳоли ҳозир чи гуна аст?
Тибқи Кодекси меҳнати кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давомнокии рӯзи корӣ дар ҳафтаи панҷрӯза набояд аз ҳашт соат ва барои хӯроки нисфирӯзӣ аз як соати иловагӣ зиёд бошад. Дар бораи дигар кишварҳо низ кам-кам маълумот гирд овардаем.
Тибқи маълумоти Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, рекордсменҳои меҳнат дар Колумбия 47,6 соат дар як ҳафта, Туркия 46,4 соат, Мексика соат 49,9 ва Коста-Рика 43,6 соат кор мекунанд. Пас, маълум мешавад, ки ҳанӯз ҳам дар тамоми дунё рӯзи корӣ ҳаштсоата нест.
Аммо дар дунё як қатор кишварҳои аҳолиашон “эркатар” ҳам ҳастанд, ки соати кориашон нисбатан камтару маошашон баръакс бештар муқаррар шудааст. Масалан, аҳолии Нидерландия дар як ҳафта 29,4 соат, Дания ва Норвегия 32,5 соат кор мекунанд.
Ҳарчанд кишварҳои шарқӣ ба рейтинги OECD шомил нашудаанд, нишондодҳои онҳо метавонанд ба осонӣ аз Колумбия ва Туркия пеш гузаранд. Масалан, дар Хитой бисьёр ширкатхо аз руи графики 9-9-6 амал мекунанд. Маънои ин ҷадвал чунин аст, ки коргарон бояд хафтае шаш руз аз соати шаши пагохй то 9 шомгохй кор кунанд. Гарчанде ки чунин тартиб аз ҷониби қонун манъ карда шудааст, бисёр корхонаҳои калон онро ошкоро дастгирӣ мекунанд, ки намуна корхонаи Alibaba Group мебошад.
Дар Ҷопон бошад, бисёр одамон ба далели зиёд будани вақти корӣ даст ба худкушӣ ҳам мезананд. Ҳатто истилоҳи «Каросӣ» барои тавсифи ин вазъият ба вуҷуд омадааст. Бино ба гузориши Би-би-сӣ дар соли 2016, ҳамасола беш аз 2000 нафар бар асари хастагӣ дар ҷои кор мефавтанд.